Сиёсати маҳфият барои барномаи мобилии «Брокери Биржавӣ»

СИЁСАТИ МАҲФИЯТ

БАРОИ БАРНОМАИ МОБИЛИИ «БРОКЕРИ БИРЖАВӢ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.

1.1. Ин сиёсати маҳфияти барномаи мобилии «Брокери Биржавӣ» (минбаъд – «Сиёсат») рӯйхати маълумотеро дар бар мегирад, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Брокери Биржавӣ» (РМА 020061919, суроғаи ҳуқуқӣ: ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 127, ҳуҷраи 521) (минбаъд – «Ширкат») метавонад вобаста ба истифодаи Шумо аз Барномаи мобилӣ гирад, инчунин ҳуқуқҳои Истифодабаранда ва ӯҳдадориҳои Ширкатро, ки ба коркарди чунин маълумот марбутанд, ҳадафҳо, усулҳо ва тартиби коркарди чунин маълумот, аз ҷумла маълумот дар бораи тадбирҳои амалӣ оид ба ҳимояи маълумоти шахсӣ.

1.2. Истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар Сиёсат истифода мешаванд, мувофиқи маънои пешбининамудаи Созишномаи истифодабаранда оид ба истифодаи Барномаи мобилии «Брокери Биржавӣ» фаҳмида мешаванд.

1.3. Истифодаи Барномаи мобилӣ маънои розигии Истифодабаранда ба Сиёсатро дорад, аз ҷумла розигии Истифодабаранда ба он, ки Ширкат (аз ҷумла ҳангоми риояи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонк интиқол додани маълумоти дахлдор) маълумоти дар Сиёсат зикршударо коркард намояд.

1.4. Дар ҳолати розӣ набудан бо шартҳои Сиёсат, Истифодабаранда бояд истифодаи Барномаи мобилиро қатъ намояд.

1.5. Ширкат дурустии маълумоти шахсии аз ҷониби Истифодабарандагон пешниҳодшударо санҷида наметавонад ва кафолат намедиҳад.

1.6. Ширкат ҳуқуқ дорад дар ҳар вақти муносиб ба Сиёсат тағйирот ворид намояд. Тағйиру иловаҳо ба Сиёсат аз ҷониби Ширкат якҷониба ворид карда мешаванд; Истифодабаранда бояд мустақилона бо тағйирот шинос шавад. Матни Сиёсат дар таҳрири амалкунанда дар саҳифаи интернетӣ бо суроғаи https://broker.tj/mobile-app-privacy-policy ҷойгир карда шудааст.

2. РӮЙХАТИ МАЪЛУМОТЕ, КИ МЕТАВОН АЗ ИСТИФОДАБАРАНДА ГИРИФТ, ҲАДАФ ВА МӮҲЛАТҲОИ КОРКАРДИ ОН.

2.1. Бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба функсияҳои Барномаи мобилӣ, бастан ва иҷро намудани шартномаҳо бо Ширкат / Бонк, ки Истифодабаранда як ҷониби он мебошад, Ширкат метавонад маълумоти зеринро дар бораи Истифодабаранда коркард намояд: насаб, ном, номи падар, рақами телефони мобилӣ, суроғаи почтаи электронӣ, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва бақайдгирӣ, ҷинс, сана ва ҷои таваллуд, рақами инфиродӣ-и мушаххаси андозсупоранда, инчунин дигар маълумот дар бораи Истифодабаранда, ки ӯ мустақилона ба интерфейси Барномаи мобилӣ ворид мекунад.

2.2. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи амният ҳангоми истифодаи Барномаи мобилӣ, аз ҷумла муайян намудани тафовутҳо аз усули хоси маъмултарини истифодабарӣ, Ширкат метавонад маълумоти зеринро дар бораи дастгоҳи мобилӣ коркард кунад: маълумот дар бораи модел ва хусусиятҳои техникии дастгоҳи мобилӣ, рақами IMEI, оператори алоқа, забон ва минтақаи вақти истифодашаванда дар дастгоҳи мобилӣ.

2.3. Бо мақсади беҳтар намудани сифати кори Барномаи мобилӣ ва таҳлили хатогиҳое, ки дар кори Барномаи мобилӣ ба вуҷуд меоянд, Ширкат метавонад маълумоти зеринро дар бораи дастгоҳи мобилӣ коркард намояд: версияи Барномаи мобилӣ, версияи низоми амалиётии насбшуда, ҳаҷми хотираи фаврӣ ва захиравӣ, модели протсессори дастгоҳи мобилӣ.

2.4. Коркарди маълумоти шахсӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад ва амалиётҳои зеринро дар бар мегирад: ҷамъоварӣ, сабт, систематизатсия, ҷамъшавӣ, нигоҳдорӣ, дақиқсозӣ (навсозӣ, тағйирот), гирифтани маълумот, истифода, маҳдудсозӣ (блок), ҳазф, нобудсозӣ, интиқол (таъмин намудан, додани дастрасӣ).

2.5. Ширкат ҳуқуқ дорад маълумоти дар боло зикршударо дар давоми тамоми давраи истифодаи Барномаи мобилӣ аз ҷониби Истифодабаранда, инчунин пас аз қатъ гардидани истифода, агар инро қонунгузории амалкунанда талаб намояд, коркард намояд.

3. ТАРТИБИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТ ВА ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНИ ҲИМОЯИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ.

3.1. Ҳангоми коркарди маълумоте, ки дар робита ба истифодаи Барномаи мобилӣ гирифта мешаванд, Ширкат пурра ба талаботи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи ҳимояи маълумоти шахсӣ риоя мекунад.

3.2. Коркарди маълумоти шахсии Истифодабаранда, ки аз ҷониби Ширкат гирифта шудааст, ба ҳадафҳое, ки дар Сиёсат муайян шудаанд, маҳдуд карда мешавад. Ширкат танҳо он маълумоти шахсиро коркард менамояд, ки ба ҳадафҳои коркарди онҳо мутобиқат доранд.

3.3. Ширкат категорияҳои махсуси маълумоти шахсиро коркард наменамояд ва интиқоли фаромарзии маълумоти шахсиро амалӣ намекунад.

3.4. Ширкат тадбирҳои зарурӣ ва кофӣ меандешад, то иҷрои уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумоти шахсӣ» (минбаъд – «қонунгузорӣ оид ба маълумоти шахсӣ») ва санадҳои зерқонунӣ, ки мувофиқи он қабул шудаанд, таъмин гардад. Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ Ширкат тадбирҳои ҳуқуқӣ, созмонӣ ва техникӣ меандешад, то маълумоти гирифташуда аз дастрасии ғайриқонунӣ ё тасодуфӣ, нобудшавӣ, тағйирёбӣ, маҳдудсозӣ, нусхабардорӣ, пешниҳод, паҳнкунӣ, инчунин аз дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба маълумоти шахсӣ ҳифз карда шаванд.

3.5. Таъмини амнияти маълумоти шахсӣ, аз ҷумла, тавассути чораҳои зерин амалӣ мегардад:

• муайян кардани таҳдидҳо ба амнияти маълумоти шахсӣ ҳангоми коркарди онҳо дар низомҳои иттилоотии маълумоти шахсӣ;

• татбиқи тадбирҳои созмонӣ ва техникӣ оид ба таъмини амнияти маълумоти шахсӣ ҳангоми коркарди онҳо дар низомҳои иттилоотии маълумоти шахсӣ, ки барои иҷрои талаботи ҳимояи маълумоти шахсӣ заруранд;

• баҳогузории самаранокии тадбирҳои амниятии қаблан татбиқшуда;

• ба қайд гирифтани воситаҳои нигоҳдории маълумоти шахсӣ;

• ошкор намудани ҳолатҳои дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти шахсӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ;

• барқарор намудани маълумоти шахсӣ, ки дар натиҷаи дастрасии ғайриқонунӣ тағйир ё нобуд карда шудаанд;

• муайян кардани қоидаҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ, ки дар низоми иттилоотии маълумоти шахсӣ коркард мешаванд;

• назорат аз болои тадбирҳои амниятӣ, ки барои таъмини амнияти маълумоти шахсӣ андешида мешаванд.

4. ҲУҚУҚҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДА ДАР АЛОҚА БО ИСТИФОДАИ БАРНОМАИ МОБИЛӢ.

4.1. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад маълумотеро, ки ба коркарди маълумоти шахсии ӯ дахл дорад, дар ҳудуде, ки қонунгузорӣ оид ба маълумоти шахсӣ пешбинӣ кардааст, дарёфт намояд. Ин маълумотро метавон бо ирсоли дархости хаттӣ ба суроғаи ҷойгиршавии Ширкат дарёфт кард, ки дар он бояд маълумоти зерин зикр гардад: рақами ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияти Истифодабаранда ё намояндаи ӯ, санаи додани ҳуҷҷат ва мақомоти додакунанда, маълумот дар бораи иштирок доштани Истифодабаранда дар муносибатҳо бо Ширкат (масалан, рақами шартномаи хизматрасонии брокерӣ, санаи бастани шартнома, номи корбар барои воридшавӣ ба Барномаи мобилӣ), имзои Истифодабаранда ё намояндаи ӯ.

4.2. Ҳуқуқи Истифодабаранда ба дарёфти маълумоте, ки ба коркарди маълумоти шахсии ӯ дахл дорад, тибқи қонунгузорӣ оид ба маълумоти шахсӣ метавонад маҳдуд карда шавад.

4.3. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад аз Ширкат талаб намояд, ки маълумоти шахсии ӯ дақиқ карда шавад, маҳдуд ё нобуд карда шавад, агар ин маълумот нопурра, кӯҳнашуда, нодуруст, ба таври ғайриқонунӣ ба дастовардашуда бошад ё барои ҳадафҳои эълоншудаи коркард зарур набошад, инчунин чораҳои пешбининамудаи қонун барои ҳифзи ҳуқуқҳои худро андешад.

4.4. Агар Истифодабаранда бар он назар бошад, ки Ширкат маълумоти шахсии ӯро бо риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба маълумоти шахсӣ коркард мекунад ё ба таври дигар ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро поймол менамояд, Истифодабаранда ҳуқуқ дорад амалу беамалии Ширкатро ба мақомоти ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсӣ ё ба суд шикоят намояд.

4.5. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя намояд, аз ҷумла ҷуброни зарар ва (ё) ҷуброни маънавиро дар тартиби судӣ талаб кунад.

4.6. Розигӣ ба коркарди маълумоти шахсӣ метавонад аз тарафи Истифодабаранда дар ҳар вақти муносиб бо роҳи ҳазф намудани Барномаи мобилӣ бозпас гирифта шавад.

4.7. Маълумоте, ки аз Истифодабаранда дар робита ба истифодаи Барномаи мобилӣ гирифта шудааст, метавонад аз ҷониби Ширкат ба мақомоти давлатӣ мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунанда интиқол дода шавад.

5. ӮҲДАДОРИҲОИ ШИРКАТ ДАР АЛОҚА БО ИСТИФОДАИ БАРНОМАИ МОБИЛӢ.

5.1. Ширкат уҳдадор аст ба Истифодабаранда тибқи дархости ӯ маълумоте, ки қонунгузорӣ оид ба маълумоти шахсӣ пешбинӣ кардааст, пешниҳод намояд.

5.2. Дар ҳолати ошкор гардидани коркарди ғайриқонунии маълумоти шахсӣ ҳангоми муроҷиати Истифодабаранда ё намояндаи ӯ ё тибқи дархости онҳо, Ширкат уҳдадор аст маълумоти шахсии ба таври ғайриқонунии коркардшудаи марбут ба ин Истифодабарандаро аз лаҳзаи муроҷиат ё гирифтани дархост то анҷоми санҷиш маҳдуд (блок) намояд ё маҳдудсозиро таъмин кунад. Дар ҳолати муайян шудани нодурустии маълумоти шахсӣ, Ширкат уҳдадор аст маълумоти шахсии марбут ба ин Истифодабарандаро аз лаҳзаи муроҷиат ё гирифтани дархост то анҷоми санҷиш маҳдуд намояд, агар чунин маҳдудкунӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Истифодабаранда ё шахсони сеюмро вайрон насозад.

5.3. Дар ҳолати тасдиқ шудани нодурустии маълумоти шахсӣ, Ширкат бар асоси маълумоте, ки аз ҷониби Истифодабаранда ё намояндаи ӯ пешниҳод шудааст ё бо истифодаи ҳуҷҷатҳои зарурии дигар, уҳдадор аст маълумоти шахсиро дақиқ намояд ё дақиқсозиро дар давоми на дертар аз ҳафт рӯзи кори аз рӯзи пешниҳоди чунин маълумот таъмин намояд ва маҳдудсозиро бекор кунад.

5.4. Дар ҳолати ошкор шудани коркарди ғайриқонунии маълумоти шахсӣ аз ҷониби Ширкат ё шахсе, ки бо супориши Ширкат амал мекунад, Ширкат уҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи ошкоршавӣ, коркарди ғайриқонунӣ маълумоти шахсиро қатъ намояд ё таъмин кунад, ки шахси амалкунанда бо супориши Ширкат чунин коркардро қатъ намояд. Агар таъмини қонуният ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ имконнопазир бошад, Ширкат уҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи ошкор шудани коркарди ғайриқонунии маълумоти шахсӣ чунин маълумотро нобуд созад ё нобудсозии онро таъмин намояд. Ширкат уҳдадор аст Истифодабаранда ё намояндаи ӯро дар бораи бартараф кардани қонуншиканӣ ё нобуд кардани маълумоти шахсӣ огоҳ намояд.

5.5. Дар ҳолати расидан ба ҳадафи коркарди маълумоти шахсӣ, Ширкат уҳдадор аст коркарди маълумоти шахсиро қатъ намояд ё қатъшавиро таъмин кунад ва маълумоти шахсиро дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи расидан ба ҳадафи коркард нобуд созад ё нобудсозиро таъмин намояд.

5.6. Дар ҳолати бозпас гирифтани розигии Истифодабаранда ба коркарди маълумоти шахсӣ, Ширкат уҳдадор аст коркарди он маълумотро қатъ намояд ё қатъшавиро таъмин кунад ва агар нигоҳдории маълумоти шахсӣ барои ҳадафҳои коркарди он дигар зарур набошад, дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯз аз рӯзи гирифтани чунин дархост маълумоти шахсиро нобуд созад ё нобудсозиро таъмин намояд.

5.7. Агар нобудсозии маълумоти шахсӣ дар мӯҳлати дар боло зикршуда имконнопазир бошад, Ширкат чунин маълумоти шахсиро маҳдуд (блок) менамояд ё маҳдудсозиро таъмин мекунад ва нобудсозии маълумоти шахсиро дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ таъмин менамояд, агар қонун мӯҳлати дигарро пешбинӣ накарда бошад.